Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост

43

Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост,
Муроди хеш дигарбора ман нахоҳам хост.

Агар қабул кунӣ в-ар биронӣ аз бари хеш,
Хилофи рои ту кардан хилофи мазҳаби мост.

Миёни айбу ҳунар пеши дӯстони карим
Тафовуте накунад, чун назар ба айни ризост.

Инояте ки туро буд, агар мубаддал шуд,
Халалпазир набошад, иродате ки марост.

Маро ба ҳар чӣ кунӣ, дил нахоҳӣ озурдан,
Ки ҳар чӣ дӯст писандат ба ҷои дӯст, равост.

Агар адовату ҷанг аст дар миёни араб,
Миёни Лайлию Маҷнун муҳаббат асту сафост.

Ҳазор душманӣ афтад ба қавли бадгӯён,
Миёни ошиқу маъшуқ дӯстӣ барҷост.

Ғуломи қомати он луъбати қабопӯшам,
Ки дар муҳаббати рӯяш ҳазор ҷома қабост.

Наметавонам бе ӯ нишаст як соат,
Чаро ки аз сари ҷон барнаметавонам хост.

Ҷамол дар назару шавқ ҳамчунон боқӣ,
Гадо, агар ҳама олам бад-ӯ диҳанд, гадост.

Маро ба ишқи ту андеша аз маломат нест,
В-ар кунанд маломат, на бар мани танҳост.

Ҳар одамӣ, ки чунин шахси дилситон бинад,
Зарурат аст, ки гӯяд: ба сарв монад рост.

Ба рӯи хубон, гуфтӣ, назар хато бошад,
Хато набошад, дигар магӯ чунин, ки хатост.

Хуш аст бо ғами ҳиҷрони дӯст Саъдиро,
Ки гарчи ранҷ ба ҷон мерасад, умеди давост.

Балову заҳмати имрӯз бар дили дарвеш
Аз он хуш аст, ки уммеди раҳмати фардост.