Агар на бода ғами дил зи ёди мо бибарад

129

Агар на бода ғами дил зи ёди мо бибарад,
Ниҳеби ҳодиса бунёди мо зи ҷо бибарад.

Агар на ақл ба мастӣ фурӯ кашад лангар,
Чӣ гуна киштӣ аз ин вартаи бало бибарад?

Фиғон, ки бо ҳама кас ғоибона бохт фалак.
Ки кас набуд, ки дасте аз ин дағо бибарад?

Гузор бар зулумот аст, Хизри роҳе ку?
Мабод, к-оташи маҳрумӣ оби мо бибарад.

Дили заифам аз он мекашад ба тарфи чаман,
Ки ҷон зи марг ба бемории сабо бибарад.

Табиби ишқ манам, бода деҳ, ки ин маъҷун
Фароғат ораду андешаи хато бибарад.

Бисӯхт Ҳофизу кас ҳоли ӯ ба ёр нагуфт,
Магар насим паёме, Худойро, бибарад.