Агар он майе, ки хӯрдӣ, ба саҳар набуд гиро

36

Агар он майе, ки хӯрдӣ, ба саҳар набуд гиро,
Биситон зи ман шаробе, ки қиёматаст, ҳаққо!

Чи тафарруҷу тамошо, ки расад зи ҷоми аввал,
Дувумаш, наъузубиллаҳ, чӣ кунам сифат савумро?!

Ғаму маслаҳат намонад, ҳамаро фуруд ронад,
Пас аз он Худой донад, ки куҷо кашад тамошо!

Ту асири бӯву рангӣ, ба мисоли нақши сангӣ,
Биҷаҳӣ чу оби чашма зи даруни санги хоро!

Бидиҳ он майи равоқӣ, ҳала, ай карими соқӣ,
Чу чунон шавам, бигӯям сухани ту, бемуҳобо!

Қадаҳе гарон ба ман диҳ, ба ғуломи хештан диҳ,
Бинигар, ки аз хуморат нигарон шудам ба боло!

Нигарон шавам бад-он сӯ, ки ту кардайӣ маро хӯ,
Ки равона бод он ҷӯ, ки равона шуд зи дарё!