Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад

155

Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад
В-ар аз талаб бинишинам, ба кина бархезад.

В-агар ба раҳгузаре як дам аз ҳаводорӣ
Чу гард дар паяш афтам, чу бод бигрезад.

В-агар кунам талаби ним бӯса, сад афсӯс,
Зи ҳуққаи даҳанаш чун шакар фурӯ резад.

Ман он фиреб, ки дар наргиси ту мебинам,
Бас обрӯй, ки бо хоки раҳ баромезад.

Фарозу шеби биёбони ишқ доми балост,
Куҷост шердиле, к-аз бало напарҳезад?

Ту умр хоҳу сабурӣ, ки чархи шуъбадабоз
Ҳазор бозӣ аз ин турфатар барангезад.

Бар остонаи таслим сар бинеҳ, Ҳофиз,
Ки гар ситеза кунӣ, рӯзгор бистезад.