Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош

273

Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош,
Ҳарифи ҳуҷраву гармобаву гулистон бош.

Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ,
Магӯ, ки хотири ушшоқ гӯ парешон бош.

Гарат ҳавост, ки бо Хизр ҳамнишин бошӣ,
Ниҳон зи чашми Сикандар чу оби ҳайвон бош.

Забури ишқнавозӣ на кори ҳар мурғест,
Биёву навгули ин булбули ғазалхон бош.

Тариқи хидмату ойини бандагӣ кардан,
Худойро, ки раҳо кун ба мову султон бош.

Дигар ба сайди ҳарам теғ бармакаш, зинҳор
В-аз он ки бар дили мо кардаӣ, пушаймон бош.

Ту шамъи анҷуманӣ, якзабону якдил бош,
Хаёлу кӯшиши парвона бину хандон бош.

Ҷамоли дилбарию ҳусн дар назарбозист,
Ба шеваи назар аз нодирони даврон бош.

Хамӯш, Ҳофизу аз ҷаври ёр нола макун,
Туро кӣ гуфт, ки дар рӯйи хуб ҳайрон бош?