Агар сарве ба болои ту бошад

205

Агар сарве ба болои ту бошад,
На чун башни1 дилорои ту бошад.

В-агар хуршед дар маҷлис нишинад,
Напиндорам, ки ҳамтои ту бошад.

В-агар даврон зи сар гиранд, ҳайҳот,
Ки мавлуде ба симои ту бошад.

Кӣ дорад дар ҳама лашкар камоне,
Ки чун абрӯи зебои ту бошад?

Мабодо, в-ар бувад ғорат дар ислом,
Ҳама Шероз яғмои ту бошад.

Барои худ нашояд дар ту пайваст,
Ҳамесозем, то ройи ту бошад.

Ду оламро ба якбор аз дили танг
Бурун кардем, то ҷои ту бошад.

Як имрӯз аст моро нақди айём,
Маро кай сабри фардои ту бошад?

Хуш аст андар сари девона савдо,
Ба шарти он ки савдои ту бошад.

Сари Саъдӣ чу хоҳад рафтан аз даст,
Ҳамон беҳтар, ки дар пои ту бошад.


1 Қадду боло, қомат.