Агар ту барфиканӣ дар миёни шаҳр ниқоб

25

Агар ту барфиканӣ дар миёни шаҳр ниқоб,
Ҳазор муъмини мухлис дарафканӣ ба иқоб1.

Киро маҷоли назар бар ҷамоли маймунат,
Бад-ин сифат, ки ту дил мебарӣ варои ҳиҷоб?!

Даруни мо зи ту як тан намешавад холӣ,
Кунун ки шаҳр гирифтӣ, раво мадор хароб.

Ба мӯи тофта пои дилам фурӯ бастӣ,
Чу мӯй тофтӣ, эй некбахт, рӯй матоб.

Туро ҳикояти мо мухтасар ба гӯш ояд,
Ки ҳоли ташна намедонӣ, эй гули сероб.

Агар чароғ бимирад, сабо чӣ ғам дорад?
В-агар бирезад каттон, чӣ ғам хурад маҳтоб?

Дуот гуфтаму дашном агар диҳӣ, саҳл аст,
Ки бо шакардаҳанон хуш бувад суолу ҷавоб.

Куҷоӣ, эй ки тааннут2 кунию таъна занӣ?
Ту бар канорию мо уфтода дар ғарқоб.

Асири банди балоро чӣ ҷои сарзаниш аст?
Гарат муовинате даст медиҳад, дарёб.

Агарчи сабри ман аз рӯи дӯст мумкин нест,
Ҳамекунам ба зарурат чу сабри моҳӣ аз об.

Ту боз даъвии парҳез мекунӣ, Саъдӣ,
Ки дил ба кас надиҳам, куллу муддаъин каззоб.


1 Азоб, шиканҷа.
2 Сарзаниш, маломат.