Агар шароб хурӣ, ҷуръае фишон бар хок

299

Агар шароб хурӣ, ҷуръае фишон бар хок,
Аз он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр, чӣ бок?

Бирав, ҳар он чи ту дорӣ, бихур, дареғ махур,
Ки бедареғ занад рӯзгор теғи ҳалок.

Ба хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки рӯзи воқеа по вомагирам аз сари хок.

Чи дузахӣ, чи биҳиштӣ, чи одамӣ, чи парӣ,
Ба мазҳаби ҳама куфри тариқат аст имсок.

Муҳандиси фалакӣ роҳи дайри шашҷиҳатӣ
Чунон бибаст, ки раҳ нест зери дайри мағок.

Фиреби духтари раз турфа мезанад раҳи ақл,
Мабод то ба қиёмат хароб торами ток!

Ба роҳи майкада, Ҳофиз, хуш аз ҷаҳон рафтӣ,
Дуои аҳли дилат бод мӯниси дили пок!