Агар шуд суду сармоя, чи ғамгинӣ, чу ман ҳастам?!

499

Агар шуд суду сармоя, чи ғамгинӣ, чу ман ҳастам?!
Баровар сар зи ҷуди ман, ки лотосу1 намудастам!

Агар фонӣ шавад олам, зи дарёе бувад шабнам,
Гар афтодаст ӯ аз худ, наяфтодаст аз дастам!

Ҷаҳон моҳӣ, адам дарё, даруни моҳӣ ин ғавғо,
Кунам сайдаш, агар гум шуд, ки ман сайёди бешастам!


1 Сураи Ҳадид.