Аз дар даромадию ман аз худ бадар шудам

374

Аз дар даромадию ман аз худ бадар шудам,
Гуфтӣ, к-аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар шудам.

Гӯшам ба роҳ, то кӣ хабар медиҳад зи дӯст,
Соҳибхабар биёмаду ман бехабар шудам.

Чун шабнам уфтода будам пеши офтоб,
Меҳрам ба ҷон расиду ба Айюқ1 бар шудам.

Гуфтам, бибинамаш, магарам дарди иштиёқ
Сокин шавад, бидидаму муштоқтар шудам.

Дастам надод қуввати рафтан ба пеши ёр,
Чанде ба пой рафтаму чанде ба сар шудам.

То рафтанаш бибинаму гуфтан-ш бишнавам,
Аз пой то ба сар ҳама самъу басар шудам.

Ман чашм аз ӯ чӣ гуна тавонам нигоҳ дошт,
К-аввалназар ба дидани ӯ дидавар шудам?!

Безорам аз вафои ту як рӯзу як замон,
Маҷмӯъ агар нишастаму хурсанд агар шудам.

Ӯро худ илтифот набудаш ба сайди ман,
Ман хештан асири каманди назар шудам.

Гӯянд, рӯи сурхи ту, Саъдӣ, чӣ зард кард?
Иксири ишқ бар мисам афтоду зар шудам.


1 Номи ситораест дар канори Каҳкашон.