Аз ман ҷудо машав, ки туам нури дидаӣ

424

Аз ман ҷудо машав, ки туам нури дидаӣ,
Ороми ҷону мӯниси қалби рамидаӣ.

Аз домани ту даст надоранд ошиқон,
Пероҳани сабурии эшон даридаӣ.

Аз чашми бахти хеш мабодат газанд, аз он-к
Дар дилбарӣ ба ғояти хубӣ расидаӣ.

Манъам кунӣ зи ишқи вай, эй муфтии замон?!
Маъзур дорамат, ки ту ӯро надидаӣ.

Он сарзаниш, ки кард туро дӯст, Ҳофизо,
Беш аз гилеми хеш магар по кашидаӣ?