Аз он к-аз ту тарсад, битарс, эй ҳаким

Аз он к-аз ту тарсад, битарс, эй ҳаким
В-агар бо чун ӯ сад бароӣ ба ҷанг.

Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,
Барорад ба чагол чашми паланг.

Аз он мор пойи роъӣ занад,
Ки тарсад, сарашро бикӯбад ба санг.