Аз суҳбати дӯсте ба ранҷам

Аз суҳбати дӯсте ба ранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.

Айбам ҳунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шӯхчашми нопок
То айби маро ба ман намояд?