Аз ту ба кӣ нолам, ки дигар довар нест

Аз ту ба кӣ нолам, ки дигар довар нест,
В-аз дасти ту ҳеч даст болотар нест.
Онро, ки ту раҳбарӣ, касе гум накунад,
В-онро, ки ту гум кунӣ, касе раҳбар нест.