Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам

397

Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам,
Ҳамчу парвона, ки месӯзаму дар парвозам.

Гар тавонӣ, ки биҷӯӣ дилам, имрӯз биҷӯй,
В-арна, бисёр биҷӯию наёбӣ бозам.

На чунон муътақидам, к-им назаре сер кунад,
Ё чунон ташна, ки Ҷайҳун бинишонад озам1.

Ҳамчу чангам, сари таслиму иродат дар пеш,
Ту ба ҳар зарб, ки хоҳӣ, бизану бинвозам.

Гар ба оташ бариям сад раҳу берун орӣ,
Зари нобам, ки ҳамон бошам, агар бигдозам.

Гар ту он ҷавр писандӣ, ки ба сангам бизанӣ,
Аз ман ин ҷурм наёяд, ки хилоф оғозам.

Хидмате лоиқам аз даст наёяд, чӣ кунам?
Сар на чизест, ки дар пои азизон бозам.

Ман хароботияму ошиқу девонаву маст,
Бештар з-ин чӣ ҳикоят бикунад ғаммозам?!

Моҷарои дили девона бигуфтам ба табиб,
Ки ҳама шаб дари чашм аст ба фикрат бозам,

Гуфт: Аз ин навъ шикоят, ки ту дорӣ, Саъдӣ,
Дарди ишқ аст, надонам, ки чӣ дармон созам.


1 Ҳирс.