Аз хор-хори ишқи ту дар сина дорам хорҳо

Аз хор-хори ишқи ту дар сина дорам хорҳо,
Ҳар дам шукуфта бар рухам з-он хорҳо гулзорҳо.

Аз бас фиғону шеванам, чангест хам гашта танам,
Ашк омада то доманам аз ҳар мижа, чун торҳо.

Раҳ ҷониби бустон фиган, к-аз шавқи ту гул дар чаман
Сад чок карда пераҳан, шуста ба хун рухсорҳо.

То сӯйи боғ орӣ гузар, сарву санавбарро нигар,
Умре пайи наззора сар баркарда аз деворҳо.

Зоҳид ба масҷид бурда пай, ҳоҷӣ биёбон карда тай,
Он ҷо ки бошад нуқлу май, бекорӣ аст ин корҳо.

Ҳар дам фурӯшам ҷон туро, бӯса ситонам дар баҳо,
Савдоиям, бошад маро бо худ басе бозорҳо.

Ту дода дил бо ҳар касе, ман мурда аз ғайрат басе,
Як бор мирад ҳар касе, бечора Ҷомӣ борҳо.