Аз шавқи ту шӯрест аҷаб дар сарам имрӯз

Аз шавқи ту шӯрест аҷаб дар сарам имрӯз,
Дода-ст ғамат бехудии дигарам имрӯз.

Наздик расида-ст, ки аз ҷазбаи ишқат
Ин хирқаи солус1 зи ҳам бардарам имрӯз.

Месӯзадам аз орзуи дидани ту ҷон,
Биншин, ки замоне ба рухат бингарам имрӯз.

Савдоии зулфи туам он гуна, ки аз вай
Як мӯй ба мулки ду ҷаҳон мехарам имрӯз.

Сар то ба қадам ғарқа шудам дар ғаму дардат,
Селоби бало хост зи бому дарам имрӯз.

Дар роҳи ту ҷуз ҳастии ман нест ҳиҷобе,
Бигзар ба сарам, к-аз сари худ бигзарам имрӯз.

Дил дафтари ишқ аст, нуфур2 аз рақами ақл,
Ҷомӣ, битарош ин рақам аз дафтарам имрӯз.


1 Солус – риё, фиреб, макр.
2 Нуфур – нафрат кардан, бо нафрат дур шудан аз касе, чизе.