Айёми шабоб аст, шароб авлотар

18

Айёми шабоб аст, шароб авлотар.
Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар.
Олам ҳама сар ба сар работест хароб,
Дар ҷои хароб ҳам хароб авлотар.