Ай ашки сурх, дамбадам аз чашми тар марав

Ай ашки сурх, дамбадам аз чашми тар марав,
Ҳамранги лаъли ёри манӣ, аз назар марав.

Наздики мурданам зи ту дур, аз Худо битарс,
Наздик агар наёӣ, аз ин дуртар марав.

То кай равӣ ба қавли рақиб аз назар маро,
Баҳри Худо, ки бар сухани ӯ дигар марав.

Он ишваҷӯй фитнаи бозору кӯй шуд,
Ай порсо, зи кунҷи саломат бадар марав.

Хоки раҳаш зи хуни дили ман мабод гил,
Ай ашки хунгирифта, дар ин раҳгузар марав.

Гар дорӣ аз Худо хабар, ай шайхи булҳавас,
Дар роҳи ишқ сӯйи бутон бехабар марав.

Ҷомӣ, дараш на манзили олудагон бувад,
Он ҷо чу ашк ғарқа ба хуни ҷигар марав.