Ай ба боло балои ҷони ҳама

Ай ба боло балои ҷони ҳама,
Кӯтаҳ аз васфи ту забони ҳама.

Осмон аст қиблаи ҳоҷот,
Остони ту осмони ҳама.

Чун ту нозукмиён басе дидам,
Ту дилам бурдӣ аз миёни ҳама.

Буд шаҳр аз шакарфурӯшон пур,
Баст лаъли лабат дукони ҳама.

Ҳар касат бевафо гумон мебурд,
Шуд яқин оқибат гумони ҳама.

Чун фатила чароғи доғ турост,
Шуълазан мағзи устухони ҳама.

Аз куҳаношиқон магӯ, Ҷомӣ,
Кардаӣ нусха достони ҳама.