Ай ба дилам гирифта ҷо, дамбадам аз назар марав

Ай ба дилам гирифта ҷо, дамбадам аз назар марав,
Марҳами сина чун туӣ, марҳами дида ҳам ту шав.

Хирмани сабр шуд ба бод аз ғами умркоҳи ту,
Лек бувад ҳазор аз ин бар чу туе ба ним ҷав.

Ман киву фикри офият, хоса зи ишқи чун туе,
Дил ба каманди ғам забун, ҷон ба кафи бало гарав.

Чанд ба ҳарза сӯфиё, гӯш ба бонги най ниҳӣ,
Ҳолату ваҷд боядат, нолаи зори ман шунав.

Ғошияи ту чун кашам чашми пурашк карда боз,
Пойи ман обила ҳама, борагии1 ту тезрав.

Тухми шикеб киштаам, ваҳ, ки хаёли абруят,
Сабз нагашта кишти ман, дос кашад пайи дарав.

Ҷомии хастаро, ки шуд куштаи теғи ғамзаат,
Лаъли ҳаётбахши ту дод ба ханда ҷони нав.

1 Борагӣ – асп.