Ай ба назора карда рӯ, мавкиби1 моҳи ман нигар

Ай ба назора карда рӯ, мавкиби1 моҳи ман нигар,
Хайли бутон сипоҳи ӯ, ҳашмати шоҳи ман нигар.

Пайсипарам ба роҳи ӯ, бовар агар намекунӣ,
Ҷаста зи наъли тавсанаш, шуълаи оҳи ман нигар.

Ҳаст кулоҳи бандагӣ-ш афсари сарбаландиям,
Чун маҳи нав сипеҳрсо тарки кулоҳи ман нигар.

Боғи тар асту тоза ӯ, хушк гиёҳи ӯ манам,
Рафта ба сарсари ғамаш хушкгиёҳи ман нигар.

Донаи ашк шуд равон бар рухи зардам аз мижа,
Ҳосили тухми меҳри ӯ, донаву коҳи ман нигар.

Бод кушод бурқааш, зулф гирифт ҷойи ӯ,
Монеи давлат омада, бахти сиёҳи ман нигар.

Пой ба остона зад, кафш ба сар, чу Ҷомиям
Бар сари тахти салтанат афсари ҷоҳи ман нигар.


1 Мавкиб – гуруҳи савора ё пиёдаи хоссаи подшоҳ.