Ай ба рухсори чу маҳ чашму чароғи дигарон

Ай ба рухсори чу маҳ чашму чароғи дигарон,
Сӯхтам, чанд шавӣ марҳами доғи дигарон?

Ёр дамсози касон, васл чӣ дорем тамаъ,
Натавон хӯрд бар аз меваи боғи дигарон.

Дил чӣ бандам ба маҳу меҳр, ки ин вайрона
Равшноӣ напазирад зи чароғи дигарон.

Бо ту, ай боди сабо, бӯйи касе меёбам,
Машав, аз баҳри Худо, атри димоғи дигарон.

Чанд дар тафриқаи хотири мо саъй кунӣ,
Ай муҳайё зи ту асбоби фароғи дигарон.

Хатти сабзат нигарам, не рухи хубон, ки беҳ аст
Сабзаи боғи ту аз лолаи роғи дигарон.

Ваҳ, ки афсонаи Ҷомӣ нашунидӣ ҳаргиз,
То напардохтӣ аз лобаву лоғи1 дигарон.


1 Лоғ – бозӣ, шӯхӣ.