Ай ба хубӣ рухи ту аз маҳ беҳ

Ай ба хубӣ рухи ту аз маҳ беҳ,
Қиссаи моҳ бо ту кӯтаҳ беҳ!

Бар маҳ он рух чаро кунам ташбеҳ,
Тарки ташбеҳи номуваҷҷаҳ беҳ!

Гарчи омад мушаббаҳун биҳ хуб,
Ҳаст сад бор аз он мушаббаҳ беҳ.

То шудӣ ту азизи Мисри ҷамол,
Ҳусни Юсуф нуҳуфта дар чаҳ беҳ?

Сирри ирфон хуш ояд аз зоҳид,
Лекин аз орифони огаҳ беҳ.

Қиссаи аҳли дил ҳамеша хуш аст,
Зикри шайхони шаҳр гаҳ-гаҳ беҳ.

Дар ватан зикри Каъба, Ҷомӣ, чанд?
Хез, к-ин гуфтугӯй дар раҳ беҳ!