Ай гул, туро агарчи ки рухсор нозук аст

135

Ай гул, туро агарчи ки рухсор нозук аст,
Рух бар рухаш мадор, ки он ёр нозук аст!

Дар дил мадор низ, ки рух бар рухаш ниҳӣ,
К — ӯ сирри дил надонаду дилдор нозук аст!

Чун орзу зи ҳадд шуд, дуздида саҷда кун,
Бисёр ҳам макӯш, ки бисёр нозук аст!

Гар бехудӣ зи хеш, ҳама вақт вақти туст,
Гар не, ба вақт ой, ки асрор нозук аст!

Дилро зи ғам бирӯб, ки хонай хаёли ӯст,
Зеро хаёли он бути айёр нозук аст!

Рӯзе битофт сояи гул бар хаёли дӯст,
Бар дӯст кор кард, ки ин кор нозук аст!

Андар хаёли мафхари Табрез — Шамси дин
Мангар ту хор, к-он шаҳи хунхор нозук аст!