Ай дар даҳани тангат ҷуллоби шакар пинҳон

Ай дар даҳани тангат ҷуллоби шакар пинҳон,
Дар сунбули шабрангат барги гули тар пинҳон.

Сию ду бувад он лаб, ҳар гаҳ ба шумор орӣ,
Яъне ки бувад дар вай сиву ду гуҳар пинҳон.

Бо ҳар кӣ дучор афтӣ, коми ду ҷаҳон ёбад,
Шабҳо, ки ба гашт оӣ аз хона бадар пинҳон.

Гуфтӣ, ки бигӯ, пайдо сирре зи миёни ман,
Нимест зи мӯй, он ки дар зери камар пинҳон.

Аз ҳаҷри туам бар дил сад доғ бувад пайдо
В-андар таҳи ҳар доғе сад доғи дигар пинҳон.

Ҳар фарш, ки андозам дар кулбаи ғам бе ту,
Гардад зи нами дида дар хуни ҷигар пинҳон.

Нанҳод туро дар дил як зарраи меҳр Эзид,
Ҳарчанд кунад сунъаш дар санги шарар пинҳон.

Азбаски бувад рашкам бар гӯшу забон бе ту,
Номат набарам ҳаргиз бо хеш, магар пинҳон.

Аз чашми ту дуздида хоҳад назаре, Ҷомӣ,
Кӯрии рақибонро сӯяш бинигар пинҳон.