Ай зада навбати ғамат нолаи субҳгоҳиям

Ай зада навбати ғамат нолаи субҳгоҳиям,
Санги ҷафои ту ба сар гавҳари тоҷи шоҳиям.

Ман, ки кулаҳ ниҳодаме каҷ зи ғурури сарваре,
Дар сари бандагӣ-т шуд нахвати каҷкулоҳиям.

Пир наям, ки пирро ишқи ҷавон ҷавон кунад,
Сели дамодами мижа шуст зи мӯ сиёҳиям.

Дод намедиҳӣ, мадеҳ, бас бувад ин ки гаҳ-гаҳе
Ҷой кунад ба гӯши ту наъраи додхоҳиям.

Чун нашавам ба давлати бандагии ту муфтахар,
Ман, ки ба мансаби сагӣ бар дари ту мубоҳиям1.

Шуд тани хастаам чу мӯ, ранги шикастаам чу каҳ,
Чанд зи ғам гузориям, чанд зи ғусса коҳиям.

Ҷомияму маро лақаб хокнишини мастаба2,
Муфтии шаҳр, гӯ, махон сӯфии хонақоҳиям.


1 Мубоҳӣ – сарафроз, ифтихоркунанда.
2 Мастаба – майхона.