Ай маҳи хиргаҳнишин, аз рух барафган пардаро

Ай маҳи хиргаҳнишин, аз рух барафган пардаро,
Шод кун охир, гаҳе дилҳои ғампарвардаро.

Гар ба гӯристони муштоқон савора бигзарӣ,
Ҷон диҳад дар тан садои сумми аспат мурдаро.

Ҷон ба лаб овардиям, лаб бар лабам неҳ як нафас,
То ба ту биспорам ин ҷони ба лаб овардаро.

Шарбати ҳиҷрон чашидам, фикри ҷон кандан чӣ суд,
Чун умеди зист бошад заҳри қотилхурдаро.

Беталаб натвон висолат ёфт, оре, кай диҳад
Давлати ҳаҷ даст ҷуз ранҷи биёбонбурдаро?

Гар ба хун ғалтам, чӣ бок ӯро, ки тифли хурдсол
Рақс донад изтироби мурғи бисмилкардаро1.

Нест вақти тавба, Ҷомӣ, хез, то бар ёди дӯст
Ҷоми май гирем, рағми зоҳиди афсударо.


1 Бисмил – кушташуда.