Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?!

2

Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?!
Ай аз ту обастан чаман в-ай аз ту хандон боғҳо!

Ай бодҳои хушнафас, ушшоқро фарёдрас,
Ай поктар аз ҷону ҷон, охир куҷо будӣ, куҷо?!

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам, ч-ин бӯйи х(в)аш
Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Мустафо?!

Ай ҷӯйбори ростӣ, аз ҷӯйи ёри мостӣ,
Бар синаҳо Синостӣ, бар ҷонҳойӣ ҷонфазо!

Ай қилу ай қоли ту хуш в-ай ҷумла ашколи ту хуш,
Моҳи ту хуш, соли ту хуш, ай солу маҳ чокар туро!