Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро

3

Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро,
Бохеш кун бехешро, чизе бидиҳ дарвешро!

Ташриф диҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро,
Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидиҳ дарвешро!

Бар рӯйи ҳамчун моҳи худ, бо лутфи миcкинхоҳи худ,
Моро ту кун ҳамроҳи худ, чизе бидиҳ дарвешро!

Чун ҷилваи маҳ мекунӣ в-аз ишқ огаҳ мекунӣ,
Бо мо чӣ ҳамраҳ мекунӣ? Чизе бидиҳ дарвешро!

Дарвешро чибвад нишон? Ҷону забони дурфишон,
На далқи садпоракашон! Чизе бидиҳ дарвешро!

Ҳам одаму он дам туйӣ, ҳам Исиву Марям туйӣ,
Ҳам розу ҳам маҳрам туйӣ, чизе бидиҳ дарвешро!

Талх аз ту ширин мешавад, куфр аз ту чун дин мешавад,
Хор аз ту насрин мешавад, чизе бидиҳ дарвешро!

Ҷони ману ҷонони ман, куфри ману имони ман,
Султони султонони ман, чизе бидиҳ дарвешро!

Ай танпарасти булҳазан, дар тан мапечу ҷон макан,
Мангар ба тан, бингар ба ман, чизе бидиҳ дарвешро!

Имрӯз, ай шамъ, он кунам, бар нури ту ҷавлон кунам,
Бар ишқ ҷон афшон кунам, чизе бидиҳ дарвешро!

Имрӯз гӯям чун кунам – якбора дилро хун кунам,
В-ин корро яксун кунам, чизе бидиҳ дарвешро!

Ту айби моро кистӣ?! Ту мор ё моҳистӣ?
Худро, бигӯ, ту чистӣ?! Чизе бидиҳ дарвешро!

Ҷонро дарафкан дар адам, зеро нашояд, ай санам,
Ту муҳташам, ӯ муҳташам, чизе бидиҳ дарвешро!