Ай он ки гирди маҳ зи хат мушкинҳилоле бастаӣ

Ай он ки гирди маҳ зи хат мушкинҳилоле бастаӣ,
Баҳри ҷунуни мо зи нав некӯхаёле бастаӣ.

Рангин зи хуни ошиқон шуд риштаи фитроки ту,
Ё баҳри зинат Рахшро гулгундаволе бастаӣ.

Кам тофт акси ҳоли мо бар хотират чун ойина,
То аз нами мижгони мо занги малоле бастаӣ.

З-авроқи илм, ай муддаӣ, то авҷи ирфон чун парӣ,
Гарчи зи парри коғазин бар хеш боле бастаӣ.

Бар лавҳи ҳусн аз навхатон бурдӣ дар ин маънӣ сабақ,
К-аз лаъл «мим»-е кардаӣ в-аз мушк «дол»-е бастаӣ.

Аз рӯю қадди ӯ, дило, тартиби васфе кардаӣ,
Рамзе ба моҳе гуфтаӣ, нахле ба соле бастаӣ.

Аз печиши ғам сар макаш Ҷомӣ, ки менадҳад садо,
Торе, ки бар уди сухан бе гӯшмоле бастаӣ.