Ай туро чун ман ба ҳар вайронае девонае

Ай туро чун ман ба ҳар вайронае девонае,
Пеши моҳи оразат шамъи фалак парвонае.

Меҳнати Яъқуб аз дарди дили ман шаммае,
Қиссаи Юсуф ба даври хубият афсонае.

Нақди ҷону дил на баҳри хеш мехоҳем мо,
Сарфи роҳи туст, агар дорем дарвешонае.

Гар ба холат даст бурдам, беш помолам макун,
Мӯри мискинро нашояд кушт баҳри донае.

Хонумон гар гашт вайрон, шукр, к-аз иқболи ишқ
Бар сари кӯйи бало дорем меҳнатхонае.

Бедилонро нест раҳ дар ишратободи висол,
Баъд аз ин мову фироқу гӯшаи вайронае!

Ҷомӣ аз як ҷуръаи ҷоми ғамат бехуд фитод,
Вой агар соқии ҳиҷрон, пур диҳад паймонае.