Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо

5

Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо,
Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо!

Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо,
Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳрухсорони мо!

Ин абрро гирён нигар в-он боғро хандон нигар,
К-аз лобаву гирйи падар растанд беморони мо.

Абри гарон чун дод Ҳақ аз баҳри лабхушкони мо,
Ратли гарон ҳам Ҳақ диҳад баҳри сабуксорони мо!

Бар хоку дашти бенаво гавҳар фишон кард осмон,
З-ин бенавойӣ мекашанд аз ишқ тарророни мо!

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,
Бишкуфта рӯйи Юсуфон аз ашки афшорони мо!

Як қатрааш гавҳар шавад, як қатрааш абҳар шавад
В-аз молу ниъмат пур шавад кафҳои кафхорони мо!

Боғу гулистони мулӣ ишкуфа мекарданд дӣ,
Зеро ки пур риқ1 аз пагаҳ хӯрданд хамморони мо!

Барбанд лаб ҳамчун садаф, мастӣ, маё дар пеши саф,
То боз оянд ин тараф аз ғайб ҳушёрони мо!


1 Оби даҳон.