Ай хуррам аз баҳори рухат навбаҳори ишқ

Ай хуррам аз баҳори рухат навбаҳори ишқ,
Дар ҳар диле зи тозагулат хор-хори ишқ.

Ҳарчанд сархушӣ зи майи ҳусн, ёд кун
Моро, ки ҷон расид ба лаб дар хумори ишқ.

Маҳмил ҳамин ба синаи вайрони мо кушод,
Ҳар корвони ғам, ки расид аз диёри ишқ.

Фарқе миёни орифу обид ниҳодаанд,
Ин хуш ба ишқи кор бувад в-он ба кори ишқ.

Гар Кӯҳкан зи пой даромад, чӣ ҷойи таън?
Валлаҳ, ки кӯҳ паст шавад зери бори ишқ!

Ҳар гаҳ хаданги ғамза кушоӣ зи шасти ноз,
Бошад ҳумои сидра1 фурӯтар шикори ишқ.

Ҷомӣ, мадор ранҷа дил аз фикри оқибат,
Ҳолӣ ба нақд хуш гузарон рӯзгори ишқ.


1 Сидра – номи дарахти афсонавие дар биҳишт.