Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо

20

Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо,
Овози ту ҷонафзо, то рӯз машин аз по!

Судӣ, ҳамагӣ судӣ, бар ҷумла барафзудӣ,
То буд, чунин будӣ, то рӯз машин аз по!

Сад шаҳр хабар рафта, к: «Ай мардуми ошуфта,
Бедор шуд он хуфта, то рӯз машин аз по!».

Бедор шуд он фитна, к-ӯ чун бизанад таъна,
Дар кӯҳ канад рахна, то рӯз машин аз по!

Дар хона чунин ҷамъе, дар ҷамъ чунин шамъе,
Дорам зи ту ман тамъе, то рӯз машин аз по!

Мир омаду мир омад, он бадри мунир омад,
В-он шаккару шир омад, то рӯз машин аз по!

Ай бонгу навоят тар в-аз боди сабо хуштар,
Моро ту барӣ аз сар, то рӯз машин аз по!

Маҷлис ба ту фархунда, ишрат зи дамат зинда,
Чун шамъи фурӯзанда то рӯз машин аз по!

Ин чарху замин хайма, кас дид чунин хайма?!
Ай устуни ин хайма, то рӯз машин аз по!

Ин қавм пуранд аз ту, бо карру фаранд аз ту,
Зеру забаранд аз ту, то рӯз машин аз по!

Дар баҳр чу киштибон он пил ҳаме ҷунбон,
То манзили Обоқон то рӯз машин аз по!

Ай хушнафаси нойӣ, бас нодира барнойӣ,
Чун мо ҳама барн-ойӣ, то рӯз машин аз по!

Даф аз кафи даст ояд, най аз дами маст ояд,
Бо най ҳама паст ояд, то рӯз машин аз по!

Чун ҷон хамушем, аммо кай хусбад ҷон, ҷоно,
Ту бош забони мо, то рӯз машин аз по!