Ай ҳама хубӣ туро, пас ту киройӣ, киро?!

44

Ай ҳама хубӣ туро, пас ту киройӣ, киро?!
Ай гули дар боғи мо, пас ту куҷойӣ куҷо?!

Савсан бо сад забон аз ту нишонам надод,
Гуфт: «Рав, аз ман маҷӯ ғайри дуъову сано!».

Аз кафи ту, ай қамар, боғи даҳон пуршакар,
В-аз кафи ту бехабар бо ҳама баргу наво!

Сарв агар сар кашид, дар қади ту кай расид?!
Наргис агар чашм дошт, ҳеч надид ӯ туро!

Мурғ агар хутба хонд, шох агар гул фишонд,
Сабза агар тӣз ронд, ҳеч надорад даво!

Шурби гул аз абр буд, шурби дил аз сабр буд.
Абр ҳарифи гиё, сабр ҳарифи зиё!

Ҳар тарафе сар зада мардуму деву дада,
Лек дар ин майкада пой надоранд, по!

Ҳар тарафеам биҷӯ, ҳар чи бихоҳӣ, бигӯ,
Раҳ набарӣ тори мӯ, то нанамоям ҳудо!

Гарм шавад рӯйи об аз табиши офтоб,
Боз ҳамаш офтоб баркашад андар уло!

Барбарадаш хурд-хурд, то ки надонӣ чи бурд,
Соф бидуздад зи дурд шаъшаъайи дилрабо!

З-ин сухани булъаҷаб бастам ман ҳар ду лаб,
Лек фалак ҷумла шаб мезанадат ассало!