Аллаҳ-Аллаҳ чӣ нозанин шудаӣ

Аллаҳ-Аллаҳ чӣ нозанин шудаӣ,
Офати ақлу ҳушу дин шудаӣ.

Ман чунонам зи бедилӣ, ки мапурс,
То ту дар дилбарӣ чунин шудаӣ.

Кардаӣ рух зи чини турра аён,
Ғайрати луъбатони Чин шудаӣ.

З-оташин лаъли обдори лабат,
Хотами ҳуснро нигин шудаӣ.

Ман ба ҷон бандаи камини туам,
Баҳри қатлам чӣ дар камин шудаӣ?

Гаштаӣ гум, дило, ба фикри лабаш,
Чун магас ғарқи ангубин шудаӣ.

Ҷомӣ, аз фикри он даҳону миён
Хурдадону дақиқбин шудаӣ.