Амири ҳусн, хандон кун ҳашамро

25

Амири ҳусн, хандон кун ҳашамро,
Вуҷуде бахш мар муште адамро!

Сиёҳӣ менамояд лашкари ғам,
Зафар диҳ шодии соҳибаламро!

Ба ҳусни худ ту шодиро бикун шод,
Ғаму андӯҳ диҳ андӯҳу ғамро!

Карамро шодмон кун аз ҷамолат,
Ки ҳусни ту диҳад сад ҷон карамро!

Ту корам з-он бари симин чу зар кун,
Ту лаълин кун рухи ҳамчун зарамро!

Дило, чун толиби бешии ишқӣ,
Ту кам андеш дар дил бешу камро!

Биниҳ он сар ба пеши Шамси Табрез,
Ки ӣмон аст саҷда он санамро!