Андар ин ҷамъ шарарҳо зи куҷост?!

127

Андар ин ҷамъ шарарҳо зи куҷост?!
Дуди савдои ҳунарҳо зи куҷост?!

Ман сари риштаи худ гум кардам,
К-ин мухолифшуда сарҳо зи куҷост?!

Гар на дилҳои шумо мухталифанд,
Дар ман аз ҷанг асарҳо зи куҷост?!

Гар чу занҷир ба ҳам пайвастем,
Ин фурӯбастани дарҳо зи куҷост?!

Гар на сад мурғи мухолиф ин ҷост,
Ҷангу баркандани парҳо зи куҷост?!

Соқиё, бода ба пеш ор, ки май
Худ бигӯяд, ки дигарҳо зи куҷост!

Ту агар ҷуръа нарезӣ бар хок,
Хокро аз ту хабарҳо зи куҷост?!