Атат ривоиҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ

469

Атат ривоиҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ,
Фидои хоки дари дӯст бод ҷони гиромӣ!

Паёми дӯст шунидан саодат асту саломат,
Мани-л-мубаллағу аннӣ ило Суоди саломӣ.

Биё ба шоми ғарибону оби дидаи ман бин
Ба сони бодаи софӣ дар обгинаи шомӣ.

Изо тағаррада ан зӣ-л-ароқи тоира хайрин.
Фало тафаррада ан равзиҳо анину ҳамомӣ.

Басе намонд, ки рӯзи фироқи ёр сар ояд,
Раайту мин ҳазабот-ил-ҳимо қибоба хиёмӣ.

Хушо даме, ки дароию гӯямат ба саломат:
Қадимта хайра қудумин, назалта хайра мақомӣ

Баъидту минка ва қад сирту зоибан каҳилолин,
Агарчи рӯи чу моҳат надидаам ба тамомӣ.

Ва ин дуъийту би хулдин ва сирту ноқиза аҳдин,
Фамо татайяба нафсӣ ва мастатоба маномӣ.

Умед ҳаст, ки зудат ба бахти нек бибинам,
Ту шод гашта ба фармондиҳию ман ба ғуломӣ.

Чу силки дурри хушоб аст назми хуби ту, Ҳофиз,
Ки гоҳи лутф сабақ мебарад зи назми Низомӣ.