Ашке, ки туро бар гули рухсор давида

Ашке, ки туро бар гули рухсор давида,
Борони баҳор аст, ки бар лола чакида.

То ашк расида-ст ба рӯйи ту, чӣ гӯям,
К-аз рашк ба рӯйи мани мискин чӣ давида.

Ашк аст ба рӯйи ту, на аксест зи ашкам,
К-аш дида дар ойинаи рухсори ту дида.

Аз чашму рухат ашк ба ҳар ҷо, ки фитода,
Гулбарги тару наргиси сероб дамида.

Ашки ту миёни мижа дурҳост, ки мардум,
Аз баҳри баногӯши ту дар ришта кашида.

Дур суфт ба васфи гуҳари ашки ту, Ҷомӣ,
З-ин сон сухани поку равон кас нашунида.