Аҳд бишкастию ман бар сари паймон будам

380

Аҳд бишкастию ман бар сари паймон будам,
Шокири неъмату парвардаи эҳсон будам.

Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад?
Бор бар гардану сар бар хати фармон будам.

Хори ишқат на чунон пои нишот обила кард,
Ки сари сабзаву парвои гулистон будам.

Рӯзи ҳиҷрон-т бидонистам қадри шаби васл,
Аҷаб, ар қадр набуд он шабу нодон будам.

Гар ба уқбо-дарам аз ҳосили дунё пурсанд,
Гӯям он рӯз, ки дар суҳбати ҷонон будам.

Кӣ писандад, ки фаромӯш кунӣ аҳди қадим?
Ба висолат, ки на муставҷиби ҳиҷрон будам.

Хуррам он рӯз, ки боз оию Саъдӣ гӯяд:
Омадӣ, ваҳ, ки чӣ муштоқу парешон будам.