Аҳд кардем, ки бе дӯст ба саҳро наравем

441

Аҳд кардем, ки бе дӯст ба саҳро наравем,
Бе тамошогаҳи рӯяш ба тамошо наравем.

Бӯстон хонаи айш асту чаман кӯи нишот,
То муҳайё набувад айши муҳанно1, наравем.

Дигарон бо ҳама кас даст дар оғӯш кунанд,
Мо ки бар суфраи хосем, ба яғмо наравем.

Натавон рафт, магар дар назари ёри азиз,
В-ар таҳаммул накунад заҳмати мо, то наравем.

Гар ба хорӣ зи сари хеш биронад моро,
Ба умедаш бинишинему ба дарҳо наравем.

Гар ба шамшер аҳиббо тани мо пора кунанд,
Ба тазаллум2 ба дари хонаи аъдо3 наравем.

Пой, гӯ, бар сару бар дидаи мо неҳ чу бисот,
Ки агар нақши бисотат биравад, мо наравем.

Ба дуруштию ҷафо рӯй магардон аз мо,
Ки ба куштан биравем аз назарат, ё наравем.

Саъдиё, шарти вафодории Лайлӣ он аст,
Ки агар Маҷнун гӯянд, ба савдо наравем.


1 Гуворошуда, дур аз ранҷу заҳмат.
2 Додхоҳӣ.
3 Ҷамъи «адӯ», душманон.