Бандаам, гар ба лутф мехонӣ

610

Бандаам, гар ба лутф мехонӣ,
Ҳокимӣ, гар ба қаҳр меронӣ.

Кас нашояд, ки бар ту бигзинанд,
Ки ту сурат ба кас намемонӣ.

Надиҳемат, ба ҳар кӣ дар олам,
В-ар ту моро ба ҳеч настонӣ.

Гуфтам, ин дарди ишқи пинҳонро
Ба ту гӯям, ки ҳам ту дармонӣ.

Боз гуфтам, чӣ ҳоҷат аст ба қавл,
Ки ту худ дар дилию медонӣ.

Нафсро ақл тарбият мекард,
К-аз табиат1 инон бигардонӣ.

Ишқ, донӣ, чӣ гуфт тақворо?
Панҷа бо мо макун, ки натвонӣ.

Чӣ хабар дорад аз ҳақиқати ишқ
Пойбанди ҳавои нафсонӣ?

Худпарастон назар ба шахс кунанд,
Покбинон ба сунъи раббонӣ.

Шаби қадре бувад, ки даст диҳад
Орифонро самоъи рӯҳонӣ.

Рақс вақте мусалламат бошад,
К-остин бар ду олам афшонӣ.

Қиссаи ишқро ниҳоят нест,
Сабр пайдову дард пинҳонӣ.

Саъдиё, дигар ин ҳадис магӯй,
То нагӯянд, қисса мехонӣ.


1 Сиришт, хӯй.