Бандам ба сина дам ба дам аз сими мижгон торҳо

Бандам ба сина дам ба дам аз сими мижгон торҳо
В-аз дил бар ин қонун зи ғам берун диҳам озорҳо.

То лаъли шакархои ту шуд қимати колои ту,
Дар ҳар сар аз савдои ту шӯрест дар бозорҳо!

Бошад, ки як гулбарги тар ояд чу рӯят дар назар,
Чун бод гардам ҳар саҳар гирди ҳама гулзорҳо.

Бе рӯят, ай рашки суман, гул нест онҳо дар чаман,
Дур аз ту барқи оҳи ман оташ зад андар хорҳо.

Бо заъфи тан, зулфи дуто, то истам пешат ба по,
Дар кӯйи ту набвад маро пуште ҷуз аз деворҳо.

Пиндор зуҳдам дода хӯ, бо кардан аз худ гуфтугӯ,
Май деҳ, ки ёбад шустушӯ нақши ҳама пиндорҳо.

Ҷомӣ, чӣ ғам, гар худ хӯрад, то шеъри рангин оварад,
Бар хотират гар бигзарад рӯзе бад-ин гуфторҳо!