Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш

Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш,
Узр ба даргоҳи Худой оварад.
Варна сазовори Худовандияш,
Кас натавонад, ки ба ҷой оварад.

Барои инсон (бандаи Худованд) беҳтар аст, ки (нотавонии худ дар шукргузории тамоми неъматҳои илоҳиро дарк ва эътироф намуда), барои ин кӯтоҳияш аз даргоҳи Худованд афву бахшиш талаб намояд, вагарна, ҳеч кас наметавонад ба он андозае, ки Худованд сазовор ва арзанда аст, шукри Ӯ ва шукри неъматҳои Ӯро ба ҷой биоварад.