Бархез, то ба ҷониби гулшан назар кунем

Бархез, то ба ҷониби гулшан назар кунем,
Пеши синони хори ғам аз гул сипар кунем.

Чун ғунча лаб ба ханда кушоем дар чаман,
Хунҳои баста таҳ ба таҳ аз дил бадар кунем.

Ҳозир кунем лолаву наргис ба базми хеш,
З-он соғари ақиқ в-аз ин ҷоми зар кунем.

Чандон хурем май, ки чу наргис ба пойи гул
Фардои ҳашр маст сар аз хок бар кунем.

Шоҳид чӣ ҳоҷат аст чунин, к-аз дарахти гул
Гулчеҳрае ба пост, ба ҳар сӯ назар кунем.

Ҷомӣ, ба ёди дафтари худ боз кун чу гул,
То гуфтугӯйи маҷлисиён мухтасар кунем.

Бигрифт табъи бодапарастон зи нақли хушк,
Аз дафтари ту нақли ғазалҳои тар кунем.