Бар авҷи ҳусн рӯйи ту моҳе бувад тамом

Бар авҷи ҳусн рӯйи ту моҳе бувад тамом,
Моҳияти ҷамоли ту ин аст, вассалом.

Мустағрақи мушоҳидаи он ду рух шудам,
З-он фориғам, ки моҳ кадом асту хур кадом.

Зулфат чу соя аз сари сарват фитад ба хок,
Бодам ба ғарқи сояи сарви ту мустадом1.

Шайхони норасида чӣ донанд қадри ишқ,
Кам ҷӯй таъми пухтагӣ аз меваҳои хом!

Аз зарқу ҳила дом ба ҳар сӯ ниҳодаанд,
То оваранд мурғи дили ҷоҳиле ба дом.

Дар тангнои сурати тақлид мондааст
Зоҳид пайи муҳофизати эътиқоди ом.

Ҷомӣ, ки пай ба машраби таҳқиқ бурдааст,
Рағми авомро ба кафи худ ниҳода ҷом.


1 Мустадом – давомнок; ҳамешагӣ.