Бар барги гул рақам зи хати анбарин манеҳ

Бар барги гул рақам зи хати анбарин манеҳ,
Бар гирди моҳ доира аз мушки Чин манеҳ!

Чун мекунӣ хиром, макаш зулф зери по,
Доми фиреб дар раҳи мардони дин манеҳ.

Ҳайф аст бар замин кафи поят, Худойро,
Чашми маро гузошта, по бар замин манеҳ!

Гуфтӣ, ба ҷони кас наниҳам доғ баъд аз ин,
Бар ошиқони сӯхта доғе чунин манеҳ.

Бар ман ба як-ду захми ҷафо марҳамат бикун,
Ман зиндаам ҳанӯз, зи каф теғи кин манеҳ.

Арбоби ишқро чу ситоӣ, маро лақаб
Ҷуз бандаи камину саги камтарин манеҳ.

Ҷомӣ, гаҳи суҷуди дараш беадаб мабош,
Ҳар ҷо нишони пойи вай, он ҷо ҷабин манеҳ!