Бар канори тоси гардун зад ҳилол ангушт дӯш

Бар канори тоси гардун зад ҳилол ангушт дӯш,
Ошиқонро муждаи айёми ишқ омад ба гӯш.

Моҳи навро бо шафақ, донӣ, қирон баҳри чӣ буд?
Ид шуд, яъне зи ҷоми зар шароби лаъл нӯш.

Майфрӯшӣ, ҳар чӣ ҳаст, аз худфурӯшӣ беҳтар аст,
Чанд айби майфурӯшон мекунӣ, ай худфурӯш!

Парда аз айби касон бардоштан набвад ҳунар,
Гар наёрӣ пок шустан айбашон, боре бипӯш.

Ҳарзагӯйию ҷаҳонгардӣ на кори ориф аст,
Кист ориф? – Раҳрави биншаста, гӯёи хамӯш.

Гарчи натвонӣ ба кӯшиш домани ҷонон гирифт,
Коҳилӣ бигзор, чандоне, ки битвонӣ, бикӯш!

Ҷомӣ, аз хомӣ ба ҳар оташ зи сар берун машав,
Деги марди пухта баъд аз солҳо ояд ба ҷӯш.